Суҳбати сарироҳӣ
Дар асоси нақшаи кории бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав вобаста ба пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона, тарбияи дурусти фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ, донишомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа, пешгирии бемории сироятии коронавирус, риояи талаботи санитарию гигиенӣ бо сокинони ноҳия суҳбатҳои сарироҳӣ баргузор гардиданд.
Дар ин раванд, бо ҷалби аҳолӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободонию бунёдкорӣ, шинонидани дарахтҳо, гулу буттаҳои ороишӣ бо иштироки раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо дар ҳудуди ноҳия маъракаи тозагию ободонӣ гузаронида шуд.