Вохӯрии коршиносон дар мавзӯи "Занон, сулҳ ва амният»
3 декабри соли 2020 намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мизи мудаввари маҷозӣ дар мавзӯи "Занон, сулҳ ва амният" иштирок ва бо маърӯзаи "Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи Қатъномаи 1325 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (соли 2000)" баромад намуд.
Вохӯрии маҷозии коршиносон дар мизи мудаввари "Занон, сулҳ ва амният" (2–3 декабри соли 2020) аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои намояндагони давлатҳои аъзои САҲА ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо дар мавзӯъҳои таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои миллӣ ҷиҳати татбиқи Қатъномаи 1325 ША СММ, мониторинг, арзёбӣ, иттилоотонӣ ва таъсири он, нақши созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқнамоии қатъномаи мазкур дар Осиеи Марказӣ баррасӣ гардиданд.