Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳо ва санҷишҳои мақсаднок идома доранд

04 декабри 2020, ҷумъа

         Дар идомаи суҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳои судманд, баррасии фаъолияти соҳибкории занону бонувон гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Заррина Қадамшо аз корхонаи дӯзандагии “Гулдаста”-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дидан карданд. Корхонаи дӯзандагии “Гулдаста” бо дастур ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ҷои корӣ ба истифода дода шуда, айни замон дар он зиёда аз 40 нафар занону бонувони ноҳия фаъолият доранд.
        Ҳамзамон, вохӯрӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳои ноҳияи ҷамоати Қурбоншо Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ баргузор карда шуд.

Поделиться в