Оила бехушунат зебост
Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти унвони “Оила бехушунат зебост” семинар –машварат бургузор намуд. Дар кори семинар мудирони кор бо занон, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маорифу тандурустӣ, раисони шӯрои занони ҷамоатҳо, иштирок намуда фикру ақидаи худро баён вобаста ба пешгириихушунати хонаводагӣ баён доштанд. Дар рафти семинар аз тарафи намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии “Сарчашма” ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби бахши кор бо занон “Микрофони озод” ташкил карда шуда, сокинон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иброз намуданд.
Чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба мавзӯъ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом таҳти унвони "Нест бод зӯроварӣ" баргузор гардиданд.