Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Идомаи вохӯриҳо бо донишҷӯён

04 декабри 2020, ҷумъа

           Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон, расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ дар хобгоҳи №7 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.
         Намояндагони вазорату кумитаҳо ва бо донишҷӯён оид ба пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни занону ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ, сил, COVID-19, солимии репродуктивӣ суҳбат намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён бо саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Поделиться в