Клуби нафақахӯрони фаъол “Ҳамдилон – Оптима”
Клуби нафақахӯрони фаъол “Ҳамдилон – Оптима” соли 2017 ташаббуси ҷамъиятӣ буда, аз ҷониби занони фаъоли нафақахӯр таъсис дода шудааст. Мақсади Клуб – оммавигардонии тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ, бахусус, байни шахсони калонсоли ҷумҳурӣ мебошад. Аъзоёни клуб бо варзиши бадан, аэробика ва бештар бо машғулияти “Роҳгардии скандинавӣ” (Скандинавская ходьба) машғул ҳастанд. Клуб зиёда аз 50 нафар аъзо аз ҳисоби занони собиқадорро аз тамоми соҳаҳо муттаҳид намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Кумита бо Клуби мазкур ҳамкориро вобаста ба оммавигардонии варзиш миёни калонсолон ва ҷалби онҳо ба варзиш ба роҳ монда, дар варзишгоҳи “Spirit 55” ва Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” ду чорабиниии варзиширо ҷиҳати ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии фарбеҳӣ байни занон бо иштироки 50 нафар аъзои Клуб ва занони шаҳри Душанбе баргузор намуд.
Айни замон аъзои Клуб дар толори варзишии“Spirit 55” рӯзҳои якшанбе машғулияҳоро оид ба машқи гимнастика, гимнастикаи нафас ва машқҳои рақс мегузаронад.