Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Консерватория

08 декабри 2020, сешанбе

        Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон, расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ бо донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов вохӯрӣ баргузор гардид.
          Муовини якуми Кумита Ғаффорзода Нигорахон, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Имомалӣ, Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадҷонова Гулрафтор, роҳбари гурӯҳи “Авангард” Қодиров Фирӯз ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Кумита Қаюмова Муҳаё бо донишҷӯён оид ба пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни занону ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ, сил, COVID-19, тарзи ҳаёти солим суҳбат намуда, ба саволҳои иштиродорон посух доданд.

 

Поделиться в