Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоиш: «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ» ва маросими гувоҳномасупорӣ ба дастпарварони мактаби “Зан ва сиёсат”

08 декабри 2020, сешанбе

         Дар толори хурди меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи чорабинии шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ» дар доираи ҷамъбасти маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон” ва ҳамзамон, маросими гувоҳномасупорӣ ба дастпарварони мактаби “Зан ва сиёсат” дар асоси Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” баргузор гардид.
         Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, намояндагони мақомоти прокуратура, суд, ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони соҳаи тандурустӣ, дин, , субъектони пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, рӯзноманигорон, фаъолзанон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
        Муовини Раиси шаҳр ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар ҷаҳони муосир зӯроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилоти зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷаҳони имрӯза буда, кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон ва дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кӯдак ё аъзои дигари оила бошад. Бояд қайд кард, ки зӯроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд дар баромади худ зикр дошт, ки оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурӯъ аз қонуни асосӣ ба оила муносибати хоса дошта, тибқи моддаи 33-и Конститутсияи мамлакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷӯҳ ва ғамхории доимӣ зоҳир мешавад. Принсипи инсондустӣ аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои таҳкиму устувории оила ва бақои он кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намоянд.
          Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нозир оид ба зӯроварӣ Гулистон Тӯйғуншоева, сарвари иҷроияи ТҶ Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» Л. Федотова ва дигарон баромад намуда, андешаҳои хешро роҷеъ ба хушунати оилавӣ ва оқибатҳои он баён доштанд.
Таъкид шуд, ки дар баробари пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас, ҳамоно дар ҷомеа сафи ҷудошавии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, даст ба ҷиноят задани ҷавонону бонувон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода истодаст. Ва ин масоили мубраму доғи рӯз ҳар яки моро бетараф гузошта наметавонад. Ҷомеа ҷиҳати дарёфт намудани роҳу усулҳои нави бартарафсозии зӯроварӣ дар оила ва падидаҳои номатлуб масъулият ҳис намояд.
 Барои ҳамкорӣ ва саҳмгузории фаъол дар маъракаи иттилоотӣ бахшида ба «16-рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон» 5 нафар рӯзноманигорони фаъол бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ба 26 нафар шунавандагони муваффақи курси «Зан ва сиёсат» Гувоҳнома тақдим карда шуд. 

Поделиться в