Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамхизматам бародарам

08 декабри 2020, сешанбе

      Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор даҳаи аввали моҳи декабр бо иштироки масъулини мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қисми низомии 02011В-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳаи Лухарвии ҷамоати деҳоти Сангвор бо афсарону аскарони қисми низомӣ суҳбату вохӯрӣ дар мавзӯъҳои “Ҳамхизматам бародарам”, “Ман ба ватан содиқам” баргузор намуда, афсарону аскаронро ба инсондӯстӣ, меҳру шавқат, бародарию баробарӣ, дӯст доштани Ватан ва содиқона ҳифз намудани марзу буми он даъват намуданд.
       Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамаи ҷашну идҳо ба қисмҳои низомии дар ҳудуди ноҳиябуда ташриф оварда, афсарону аскарони қисмҳои низомиро бо хӯроки идона ва намоиши барномаҳои фарҳангӣ ҳувияти миллии онҳоро баланд мегардонад.

Поделиться в