Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тақвияти ҳамкориҳо баҳри фаъолияти муштарак алайҳи зӯроварӣ

09 декабри 2020, чоршанбе

       9 декабри соли 2020 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мизи мудавварро таҳти унвони “Тақвияти ҳамкориҳо баҳри фаъолияти муштарак алайҳи зӯроварӣ” баргузор намуд.
       Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2023” буда, дар он иштирокдорон бо изҳори омодагӣ баҳри тақвияти фаъолият вобаста ба ташкили ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мазкур суханронӣ намуданд.


Поделиться в