Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Иқдоми Кумита

09 сентябри 2019, душанбе

Кумита ба мақсади таъмини бештари занони хонанишин ва ҷавондухтарони бекори шаҳри Кўлоб бо ҷои кори ва ба шуѓли доими фаро гирифтани онҳо, ривоҷ додани соҳибкори, мунтазам зиёд намудани шумора ва ҳаҷми маблаѓҳои гранти Президенти барои рушди соҳибкории занон пешбинигардида,  чораҷўи  намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани рушди ҳунармандӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатїӣ 50 адад мошинаҳои дарздўзиро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб тақдим намуд.        

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2018 ба 3 (се) нафар занон, ғолибони озмуни гранти Президентӣ аз  шаҳри Кўлоб  90000 сомонӣ маблаѓ ҷудо гардид, ки айни замон ду нафарашон ба чакандўзӣ ва як нафари дигар ба занбуриасал парварӣ машѓуланд.Дар баробари ин, барои азхуд кардани нозукиҳои ин касбҳо  9 нафар занон ва духтарони хонанишин ба кор ҷалб карда шуда, бо маош таъмин гардиданд. Дар соли 2019  ба 4 (чор) нафар занони хонанишин барои  эҳёи ҳунарњои мардумӣ ва фароҳам овардани шароит барои касбомўзӣ 80000 сомонӣ аз грантҳои Президентӣ ҷудо гардид.

Тибқи иттилои шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ ҷиҳати ба касбомўзӣ ва шуғл пайвастани бонувон чораҳои мушаххас андешида,  дар шаш моҳи  соли 2019 аз ҷониби шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Кўлоб 157 зан аз рўи ихтисосҳои гуногун ба корҳои доимию мавсимӣ таъмин шудаанд. Инчунин, 133 нафар занони бешуѓл ба касбомўзӣ аз рўи ихтисосҳои асосҳои омўзиши компютер, дўзандагӣ, ва гулдўзӣ фаро гирифта шуданд.
  

Поделиться в