Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 декабри 2020, панҷшанбе

       Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон, расонидани машварати тиббӣ ба ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ вохӯрии навбатӣ бо донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
      Муовини Раиси Кумита Абдумаинзода Заррина Қадамшо, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Имомалӣ, Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадҷонова Гулрафтор бо донишҷӯён оид ба пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни занону ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ, сил, COVID-19, тарзи ҳаёти солим суҳбат намуда, ба саволҳои иштиродорон посух доданд.

Поделиться в