Вохӯрии кураторӣ дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат»
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо устодон ва донишҷӯён мубоҳисаи кураторӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, сарварӣ ва суханварӣ байни донишҷӯён гузаронида шуд.
Вохӯрии кураторӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Исҳоқӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он сардори Раёсати кор бо занон ва оила Хуршедахон Хоҷазода, сармутахассиси раёсат Гулнора Гадойбоева, мушовири оилавии назди Раёсати кор бо занон ва оила Рафоат Бобоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Мадинахон Салимзода ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Насл» Орзухон Ғаниева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар мавзӯи “Стратегияи пешсафӣ - пешгирии зӯроварӣ”, «Фалсафаи хушбахтӣ», «Маданияти рафтор», «Роҳҳои баромадан аз муноқиша», «Қувваи инсон дар чист» ва «Баробарҳуқуқӣ – ин…» доир гардида, донишҷӯён бо малакаҳои пешсафӣ ошно гашта, оид ба ин мавзӯъҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Зимни чорабинӣ директори Ташкилоти ҷамъиятии «Насл» Орзухон Ғаниева таъкид намуд, ки мубориза бо стереотипҳо, меъёрҳои иҷтимоӣ ва таблиғи роҳҳои мусбии ҳалли мушкилоти хушунат, ин сайқал додани малакаҳои пешсафӣ ва истифодаи имкониятҳо мебошад.Вохӯрӣ бо суолу ҷавоб хотима ёфт.