Хушхабар: Музаффарият муборак!
Санаи 4–5 декабри соли 2020 дар Ассамблеяи генералии Шӯрои байналмилалии ҳунармандон ғолибони намоишгоҳи виртуалии “Беҳтарин армуғони ҳунармандии омодашуда дар давраи пандемия” муайян гардиданд, ки ба қатори онҳо ҳунарманди тоҷик Аспармо Мавлоназарова бо намоиши ҷуробҳои бадахшонӣ шомил буд.
Дастандаркори асил Аспармо Мавлоназарова қаблан дар яке аз намоишгоҳҳои бузурги байналмилалӣ бо намоиши тоқии бадахшонӣ соҳиби ҷоизаи Юнеско гардид.
Ин даъфа низ Аспармои ҳунарманд кӯшиши беше ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии бонуфуз намуда, бо тахаюли рангини эҷодиаш дар ҷуробҳои бадахшонии ба намоишгузошта сифати баланди рамзи Юнескоро инъикос намуд ва ғолибиятро ба даст овард.
Ин ғолибияти пуршараф дар сатҳи байналмилал ғолибияти тамоми ҳунармандзанони тоҷик аст.
Музаффарият муборак!