Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Зиндагӣ бе зӯроварӣ зебост!

12 декабри 2020, шанбе

         Баҳри иҷрои нақшаи амалӣ “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо субъектони пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила мизи мудавварро доир намуд.
       Дар кори мизи мудаввар асосан масъалаҳои пешгирии озори ҷисмониву равонӣ ва ҷинсиву иқтисодӣ, роҳҳои барҳам додани  ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тараннуми одоби оиладории миллӣ ва таҳаммулпазирии бонувон бахусус, ҷавондухтарон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Поделиться в