Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Хониши идоравӣ

12 сентябри 2019, панҷшанбе

 

Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.

Бо назардошти рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи мазкур санаи 12 сентябри соли 2019 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ва зерсохторҳои он машғулияти идоравӣ доир гардид.

Мавзӯи машғулияти идоравӣ “Шарҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ оид ба муқовимат бо коррупсия” буд.

Дар сухани ифтитоҳии муовини якуми Раиси Кумита муҳтарама Олимӣ Марҳабо Латифзода  оид ба нақши зан дар пешгирии хавфҳои коррупсионӣ, манфиати муқовимат ва мубориза ба коррупсия дар рушди оилаи солим суханронӣ гашта, ҳамзамон қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои банди 6-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия)”, бо мақсади муқаррар намудани хавфҳои коррупсионӣ ва пешниҳод намудани тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани омилҳои номтлуб бо Фармоиши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 феврали соли 2017, №3 гурӯҳи баҳодиҳии хавфҳои коррупсия дар Кумита таъсис дода шуда, дар асоси нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ҷиҳати амалисозии “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, ки бо қарори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,  Фармоиши Кумита аз 7 декабри соли 2018, № 169 “Оид ба таъин намудани воҳиди корӣ ҷиҳати пешгирии коррупсия дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. 

Ҳамзамон оид ба раванди иҷрои санадҳои болозикр ва як қатор санадҳои дигари меъёрӣ дар самти муқовимат ба коррупсия аз ҷониби Кумита иттилоъ пешниҳод гардид.

Дар машғулияти идоравӣ намояндаи   Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ – Азиззода Мастона Иброҳим иштирок ва баромад намуд.

Азиззода М.И. дар баромади худ ба шунавандагон оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ оид ба муқовимат ба коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Аз ҷониби иштирокчиён ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия саволҳои зиёде пешниҳод шуданд, ки муҳтарама Азиззода М.И. ба ҳар як савол ҷавобҳои пурра, муфассал ва қонеъкунандаро бо таҳлилу мисолҳо ироа намуд.

 

 

Поделиться в