Таъмини имконияти баробари мардону занон дар Тоҷикистон
Санаи 14 декабри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ Хидирзода Махфират Умар – муовини Раиси Комиссияи марказиии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳимзода Курбоналӣ Бозор – муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибӣ Фирӯза Абдулло – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ҳасрат Қадам – прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфиддинова Рисолат Раҳматуллоевна – Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Нигора Нурмуҳаммад – Федератсияҳои Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, таҳти унвони «Таъмини имконияти баробари мардону занон дар Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон зимни суханронӣ зикр намуданд, ки дар ҷомеаи демократӣ мардон ва занон масъулияти баробар доранд. Мутобиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои умумии баробарии мардону занонро муқаррар кардааст, ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсонро новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк кафолат додааст.
Дар суханронии иштирокдорон моҳияти Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо» дарҷ карда шуда, зикр гардид, ки қонуни мазкур поймол кардани ҳуқуқи мардону занонро манъ намудааст. Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рӯи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), поймолкунии ҳуқуқ шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи қонуни мазкур бартараф карда шавад.