Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Такмили ихтисоси мутахассисон

15 декабри 2020, сешанбе

           Дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе аз рӯи барномаи "Зан-сарвар" шурӯъ аз 14 то 19 декабри соли 2020 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии такмили ихтисос ташкил карда шуда, ба шунавандагон аз ҷониби олимону коршиносон, мутахассисону омӯзгорони ботаҷриба машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Поделиться в