Аксияи “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!”
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ин ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафакахӯрон, пиронсолони бесаробонмонда ва дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад.
Эҳтиром ба кӯҳансолон ва аёдати онҳо яке аз анъанаҳои наҷибу қадимаи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, зери таваҷҷӯҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд татбиқи сиёсати халқпарваронаи Сарвари давлат ва чиҳати дастгирии иҷтимоии табакаҳои ниёзманди ҷомеа, пайваста тадбирҳоро меандешад.
Имрӯз масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар якҷоягӣ бо фаъолзанону соҳибкорзанон, донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва машшотаҳои толори ҳусни "Гулноз" ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагонро бо соли нави омадаистода табрик ва тӯҳфаҳои хотиравию маводи хӯрока тақдим намуданд.