Варзиш гарави саломатӣ
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баҳри таъмини солимии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба тамрини пагоҳирӯзӣ ва дигар машқҳои бадан дар боғҳои фароғатию фарҳангӣ, майдонча ва толорҳои варзишӣ тадбирҳо андешида, корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар ин самт мунтазам ба роҳ мемонад.
Бо мақсади пешгирии бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ ва буғуму устухон, обутоб бахшидани бадан санаи 16 декабри соли 2020 дар толори варзишии ноҳияи Рашт бо иштироки 50 нафар занону духтарони ноҳия варзиши пагоҳирӯзии ба имкониятҳои занон мусоидаткунанда баргузор намуда, тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати пешгирии ҳамагуна сатҳи ҷиноят, алалхусус худкӯшӣ, худсӯзӣ, ва сӯиқасд ба ҷони худ миёни аҳолӣ минбаъд аз намуди пиёдагардӣ ва дучархаронӣ дар байни занону ҷавондухтарон мусобиқаи варзишӣ доир намояд.