Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва таъмини занон ба ҷойи кор

17 декабри 2020, панҷшанбе

         Санаи 16 декабри соли 2020  бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар шарикони рушд аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид» коргоҳи дӯзандагӣ барои занону бонувони хонанишин дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин корхонаи дузандагӣ зиёда аз 25 нафар занону бонувони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Корхонаи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ, ки даҳҳо амалиётро анҷом медиҳанд ҷиҳозонида шудааст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал 25 нафар занони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба тарзи истифода аз ин дастгоҳҳоро меомӯзонанд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуд.

Поделиться в