Ман ба Ватан содиқам
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар ҳамкорӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ноҳия, кормандони масъули мақомоти иҷроия, мардони рӯзгордида ба хотири таҳкими волоияти қонун, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва инсонгароӣ тарбия намудани ҷавонон дар қисми низомии 0113 бо иштироки сарбозону афсарон таҳти унвони “Ҳамхизматам - бародарам”, “Ман ба Ватан содиқам” вохӯрӣ баргузор намуд.
Иштирокдорон зимни баромад арз доштанд, ки Ватан ба ҳомиёни ҳақиқӣ, тануманду созанда ниёз дошта, ҳифзи марзу бум, таъмини осоиштаи халқ, сулҳу суботи кишварро ба зиммаи сарбозону афсарон вогузор намудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар ин кори басо пурифтихор ва масъулиятнок бо дониши баланд, маърифати волои инсонӣ, маҳорату ҷасорат ва ҳувияти баланди миллӣ саҳми шоиста гузорем. Сарбозон дар навбати худ зикр намуданд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан қарзи фарзандиро адо намуда, дар пойдор нигоҳ доштани фазои сулҳу суботи кишвар саҳми худро мегузоранд.