Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Аксияи тақсимоти ниқобҳо дар ноҳияи Шаҳринав

18 декабри 2020, ҷумъа

         Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги мо бегона дар маркази ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамоти деҳоти Боғистони ноҳия аксияи иттилоотӣ доир намуд ва ба шаҳрвандон ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуд.

Поделиться в