Арзёбии зӯроварии гендерӣ дар минтақаҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои Матритсаи амалиёти Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Нақшаи амали Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 санаи 18.12.2020 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шарикони рушд доир ба “Натиҷаҳои ҳисоботи таҳлилӣ оид ба арзёбии вазъи зуҳури зӯроварии гендерӣ нисбати занон ва духтарон дар минтақаҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон: хулоса ва тавсияҳо” мизи мудаввар баргузор гардид.
Коршиносони соҳаи гендерӣ Хайринисо Расулова вобаста ба арзёбии вазъи зуҳури зӯроварии гендерӣ нисбати занон ва духтарон дар минтақаҳои мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дода, Марҳабо Олимӣ оид ба амалишавии сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Иштирокдорон доир ба мавзӯи баррасишуда мубодилаи афкор намуданд.