Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи сарфакоронаи кувваи барқ

19 декабри 2020, шанбе

        Бо мақсади расонидани мӯҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК "Барқи тоҷик" ва таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хушунату зӯроварӣ дар оила санаҳои 15 то 17-уми декабри соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ва шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоатҳои деҳоти Турсунӯлчабоев ва Куруши ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
       Дар вохӯрӣ сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила Махбуба Абдурахимзода, номзади илмҳои таърих, дотсенти факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдурасул Ҳомидов ва номзади илмҳои таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуазиз Бобоев иштирок намуда, доир ба масъалаи мазкур иброзӣ андеша намуданд.

Поделиться в