Муаллифи навқалам
Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифии китоби нависандаи навқалам Нигина Мамадҷонова “Нидо” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур шоирону нависандагон, ҷомеаи шаҳрвандӣ фикрҳои худро оид ба китоби тозанашр баён карданд.Низом Қосим райси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сухани ифтитоҳиро оғоз карда, доир ба мазмуни китоб ва худи нависанда ибрози фикр карданд. Аз суханони шоири шинохта Камол Насрулло “Зиндагӣ мактабест,ки инсонро тарбия мекунад”. Яъне китоби нависандаи мо айнан ба ҳаёти занон, мушкилоти онҳо дар зиндагӣ бахшида шудааст. Тарғиби масъалаи тарбияи фарзанд, бартарафи хушунат дар оила, маҳкуми хурофот, ки ин ҳама ба қафомонии занони мо аз ҷомеаи мутамаддин мегардад таъсири манфии худро мерасонад.
Дар ҷаласа намояндаи кумитаи кор бо занон ва оила Акобирова Ҷавоҳир, шоир ва нависанда Салими Зарафшонфар, шоир Камол Насрулло, тарҷумони нусхаи тоҷикии китоби мазкур Абдураҳмон Абдуманнонов ибрози ақида намуда, ба муаллифи китоб дар ҷодаи эҷод муваффақиятҳо орзу намуданд.