Истифодаи босамари нерӯи барқ – кафили рушди босуботи оила
Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2020, №АП-1376 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок оид ба созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, пешгирии бемории сироятии коронавирус дар маҳаллаҳои ноҳияи И.Сомонӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, иттилоотӣ-фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар маҳаллаҳои Маҳмадулло Холов, Қандил Ҷураев, Ҷумъа Одинаев, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва Октябрскийи ноҳияи Исмоили Сомонӣ суҳбату вохӯриҳои навбатӣ бо усули “хона ба хона” баргузор гардиданд.