Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи самараноки қувваи барқ- вазифаи ҳар як шаҳрванди ноҳияи Муъминобод

22 декабри 2020, сешанбе

        Бо мақсади расонидани мӯҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК "Барқи тоҷик" ва таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва истифодаи босамари оби ошомиданӣ санаи 21 декабри соли 2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо аҳолии деҳаҳои Богаӣ, Дӯстӣ ва Хуҷайнӯри ҷамоатҳои Боғгаӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
        Зимни вохӯрӣ ба аҳолӣ китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров тақсим карда шуда, оид ба сарфакорона ва оқилона истифода бурдани нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ намудан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва об огоҳиномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар як оила дода шуд.

Поделиться в