Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои сарфакорона истифода намудани қувваи барқ бетараф набошед

22 декабри 2020, сешанбе

      Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, бахши фарҳанги шаҳр бо мақсади ба ҳар як сокини шаҳр расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК "Барқи тоҷик" оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, пардохти саривақтии хизматрасониҳои соҳаи барқ ва обу коррези шаҳр дар маҳаллаҳои Себзор ва Умари Хайёми шаҳри Исфара бо зиёда аз 43 хоҷагӣ бо фарогирии 215 нафар аҳолӣ гардиши “хона ба хона”-ро роҳандозӣ намуд.

Поделиться в