Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Стратегияи фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имкониятҳо

23 декабри 2020, чоршанбе

        Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 яке аз он ҳуҷҷатҳои муҳимест, ки ба ҳалли проблемаҳои дарки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкориҳои тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой доштани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардидааст.
             Таҷлили 10 соли амалишавии Стратегияи мазкур далолати он аст, ки дар заминаи он санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба иштироки фаъолонаи занону бонувон дар раванди рушди иқтисоди миллӣ ба тасвиб расида, зина ба зина дар амал татбиқ гардида истодаанд.
         Нуқтаи муҳиме, ки дар Стратегия таваҷҷӯҳи махсус ба он равона гардидааст, амалишавии механизмҳои давлати иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории мақомотҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо такя ба ташаббускориҳо, худфаъолияткунӣ ва худидоракунии шаҳрвандони ҳар ду ҷинс дар ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои расонидани кӯмаки назариявӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон оид ба масоили баробарии ҷинсҳо ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шуда буд.
         Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ҳамчун фишанги ташаккули сиёсати давлатии гендерӣ ва назорати татбиқи он аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат намуда, дар он ҳадафҳо ва воситаҳои асосии расидан ба онҳо тавсия дода шуда буданд, ки ба рушди мутавозун ва устувори ҷомеа тавассути ворид намудани таҳлили гендерӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мусоидат намуд.
         Боиси хушнудист, ки тайи 10 соли амали Стратегия ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе муяссар гардид, ки ба мақсаду ҳадафҳои зикргардидаи Стратегия ноил гардад.
         Ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти амалишавии Стратегияи мазкур дар давраи аз соли 2011 то 2020 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23.12.2020 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Стратегияи фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имкониятҳо» бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.
          Дар кори он ҳисоботи 10 солаи вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба дар амал татбиқ гардидани Стратегияи мазкур шунида шуда, таклифу пешниҳодҳо вобаста ба таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 манзур гардиданд.

Поделиться в