Занон ва соҳибкорӣ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти байналмилалии Good Neighbors Tajikistan вобаста ба ҳисоботи Лоиҳаи “Тавоноӣ ва дороии зан/Дарёфти даромад” – натиҷаи соли ҷорӣ ва фаъолиятҳо барои соли 2021 бо иштироки намояндагон – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, намояндаи Ҷамъияти дӯстии халқҳо ва робитаи фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Латофат Шарипова, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва соҳибкорзанон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар меҳмонхонаи “Атлас” мизи гирд баргузор намуд.
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии Good Neighbors Tajikistan ҷиҳати рушд ва дастгирии фаъолияти соҳибкории занон миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки мо занони кишвар сарбаландона гуфта метавонем, ки маҳз бо саъйю кӯшиш, дастгирӣ ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар мавриди устувор намудани мавқеи занон дар ҷомеа ба фаъолияти идоракунӣ ва ба мактабҳои олӣ тавассути квотаи Президентӣ сафарбар намудани духтарон аз манотиқи дурдасти кӯҳистон, коркарди механизми қонунгузории миллӣ оид ба масъалаҳои зан ва оила, кафолат додани баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодии миллӣ ноил гардидем.
Соҳибкорӣ аз ҷониби занон яке аз масоили муҳим ва мубрами кишвар чун омили нави рушд ба шумор рафта, дар бисёре аз кишварҳои олам ҳиссаи корхонаҳои занон ба 50-60 фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рост меояд ва ин нишонаи он аст, ки соҳибкории занон як ҷузъи муҳими соҳибкорӣ дар тамоми олам эътироф гардидааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Дар мизи гирд вобаста ба мавзӯъҳои қонунгузории Тоҷикистон оид ба мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ дар байни занон ва имтиёзҳои давлатӣ оид ба рушди соҳибкории занон (гранти Президентӣ) ва муносибати Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар мавриди ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занон мавриди баррасӣ қарор дод.