Идомаи корҳои тарғиботӣ
Санаи 24 декабри соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи И.Сомонӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. бо иштироки муовини раиси ноҳияи И.Сомонӣ, намояндагони раёсатҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони боғчаҳои бачагона, раисони маҳаллаҳои ноҳияи И.Сомонӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Раиси Кумита зимини вохӯрӣ вобаста ба тадбирҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, даст ба худкушӣ задан, зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокдорон пешгирии омилҳои болозикр ва бемориҳои сироятии коронавирус, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот тақозо намуд.
Зикр карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистон дар пешорӯи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз ҳар яки мо кӯшишҳои беше дар ободу зебо намудани диёр, сарфаю сариштакорӣ, дар рӯҳияи худшиносию ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон ва бо масъулияти бузург вобаста ба дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукуматро талаб менамояд.