Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст

26 декабри 2020, шанбе

        Бо мақсади пешгирии бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ ва буғуму устухон, обутоб додани бадан баҳри таъмини солимии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш тибқи нақшаи чорабиниҳо роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Алишер Навоӣ таҳти шиори “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” рӯзҳои шанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ доир менамоянд.
       Гуфтан ба маврид аст, ки дастаи волейболбозони Кумита ҳар рӯзи шанбе дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур тамрин мекунанд.

Поделиться в