Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар-машварати омӯзишӣ

28 декабри 2020, душанбе

        Ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти амалишавии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Абдулмаинзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, директори Муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе" Манзура Саломова ва фаъолзанони ноҳия семинар-машварати омузишӣ баргузор намуд.
      Муовини Раиси Кумита дар баробари таҳлили раванди амалишавии Стратегия аз ҷониби Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, инчунин вобаста ба сарфакорона ва оқилона истифода бурдани нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ намудан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва оби ошомиданӣ ибрози ақида намуд.

Поделиться в