Қувваи барқро самаранок истифода мебарем
Бо мақсади расонидани мӯҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК “Барқи тоҷик” оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якчоягӣ бо шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Хуросон ва Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят дар терминали мусофиркашонӣ ва бозори мардикорон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо аҳолии калонсол оид ба самаранок истифода бурдани нерӯи барқ дар хона ва дар ҷойи кор, бе ниқоби муҳофизатии тиббӣ ба кӯча набаромадан, ҷалби занони мардикор ба курсҳои омӯзишӣ вохӯрӣ баргузор намуда, 1000 дона ниқоби муҳофизатӣ тақсим карда шуд.