Вохӯриҳо бо аҳолӣ
Кумитаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо намояндагони кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва вазриш бахшида ба ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнат наврасону ҷавонон, сарбозону афсарон ва шахсони рўзгордида дар ҷамоату деҳаҳо, минтақаҳои осебпазир ва қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Ваҳдат, Рўдакӣ, Файзобод ва Роғун аз санаи 15 то 22 августи соли 2019 вохӯриҳо доир намуданд.
Вохӯриҳо ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ифтихори миллии ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллию дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, марзу буми ватан, пешгирии зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, тақлиди бегонапарасӣ, масъалаҳои зӯроварӣ дар оила, пошхӯрии оилаҳо, аз таҳсил дур мондани духтарон, ба кирдорҳои ғайриқонунӣ, нашъамандӣ ва худкушӣ даст задани занону ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шуда буданд.
Инчунин, дар ин вохӯриҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба татбиқ ва амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуданд.