Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии машваратӣ

29 декабри 2020, сешанбе

        29 декабри соли 2020 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” вохӯрии машваратиро оид ба баррасии Дастур барои кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои иттилоотонӣ ва фаҳмондадиҳӣ вобаста ба одилона тақсим намудани корҳои хонагӣ миёни аъзои оила баргузор намуд.
        Дар рафти вохӯрӣ дар мавзӯъҳои дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати гендерӣ; нақш ва қолабҳои гендерӣ; ташкил ва гузаронидани маъракаҳои иттилоотонии ҷомеа оид ба тақсим намудани корҳои хонагӣ миёни аъзои оила маърӯзаҳо пешниҳод шуданд.

Поделиться в