Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Модарону хоҳарони азиз, бонувони иззатманду сарбаланди тоҷик!

30 декабри 2020, чоршанбе

      Соли Нав, оғози нусратҳои навро ба Шумо ва аҳли хонадонатон самимона муборакбод гуфта, тандурустии комил, нерӯи созанда, тамоми хушиҳои зиндагӣ, рӯзгори босаодат ва нусрату фарзонагиро таманно менамоем.
Омадани Соли Нав як фоли нек аст, чунки ҳар як инсон аз муваффақияту бурдбориҳои худ мефахраду меболад ва кӯшиш менамояд, ки Соли нави мелодиро бо дастовезҳои боз ҳам арзандатар истиқбол намояд.
          Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ  бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, занону бонувони тоҷик дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд.
         Боиси иқболу сарфарозии мо, занону бонувон аст, ки имрӯз давлатҳои мутараққии дунё аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари дурандеши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувон дарси маърифату адолат омӯхта истодаанд.
         Пас, моро месазад, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат паҳлӯ ба паҳлӯ, тан ба тан, даст ба даст гирифта, дар пойдору устувор мондани сулҳу ваҳдати комили ватан, истиқлолияти беназир, оромиву осудагии меҳани азиз камари ҳиммат бандем. Дар солиму обод нигоҳ доштани оила, ки сарчашмаи муҳими пойдории ҷомеа ба ҳисоб меравад, саҳм гузошта, вазифаи ҷонии модаронаи худро дар таълиму тарбияи насли солиму ояндасоз бо камоли меҳру муҳаббат, садоқату самимият ба ҷо орем, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, инсондӯстию ҳувияти баланди миллӣ тарбияи насли ҷавонро ба роҳ монем, ба ояндагон ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва поку беолоиш аз ҳар гуна паёмадҳои нангин ба мерос гузорем.
         Бо ҳамин ниятҳои неку созанда Соли Нави мелодиро ба ҳамаи Шумо сидқан шодбош гуфта, орзуи онро менамоем, ки фазои Тоҷикистони мо ҳама вақт беғубору офтобӣ ва ҳалқу миллати куҳанбунёдаш дар амну амонӣ бошанд.
Бигузор, давлати Тоҷикистон ва халқи шарафманди он ҳамеша тинҷу осуда ва Соли Нав соли дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ ва соли шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.

         Ҳамеша хушбахту саодатманд бошед!
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!

                       Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди
                      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться в