Ба хотири рушди диёр
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба истифодаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисухторӣ, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру бунёди иншооти ҷашнӣ, ташкили ярмаркаи ниҳолфурӯшӣ ва ниҳолшинонӣ, гармхонаҳо ва захираи озуқа дар ҳар як оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо бо иштироки гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон бо аҳолии ҷамоати деҳоти ноҳия суҳбату вохӯрӣ доир намуд.