Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Некномӣ – аз амали хайр

31 декабри 2020, панҷшанбе

       Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ҳамкорӣ бо бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳифзи иҷтимоӣ дар арафаи ҷашну идҳо ба ниёзмандону бекасон, шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон, занони танҳо ва маъюбон кӯмакҳои молию пулӣ, маводҳои ғизоӣ кӯмак мерасонад.
      Дар арафаи соли нави мелодӣ низ бо мақсади анҷом додани амали хайр аз ҷониби мақомоти иҷроия, соҳибкорон, шахсони саховатманд ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони ниёманд кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуданд.
     Бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи тиб аёдати шахсони яккаву танҳо ва занони беморро намуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонид.

Поделиться в