Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАБРИКНОМА

03 январи 2021, якшанбе

          Муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ!
         Бо камоли ихлосу иродати беандоза Шуморо, Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар» дар Тоҷикистон, бонуи оқилаву хирадманд ба ифтихори муборакрӯзи мавлудатон самимона шодбош гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, нерӯи тоза ва шодиву хушбахтӣ орзу менамоем.
       Хуррамрӯзи имсолаи Шумо дар раванди истиқбол аз Соли Нави мелодии 2021, соли созандагиву бунёдкорӣ, соли таҷлили ҷашнвораҳои муҳими сиёсии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, соли хуҷастафол ба вуқӯъ пайваст, ки онро бо меҳромезтарин ва самимонатарин таманниётҳо ба Шумо табрику таҳният мегӯем.
      Саҳифаҳои дафтари зиндагиномаи Шумо шаҳодат аз кору пайкори накӯю эҳтироми бепоён ба миллату меҳан аст, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, тавонистеддар партави сиёсати хирадмандонаю адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар умури давлату давлатдорӣ муваффақ гардида, шукуҳу азамати Зан-модари тоҷикро ба ҷаҳониён бо мақому мартабаи забондонию хирадварзӣ, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии фарох ва фарҳанги сиёсӣ муаррифӣ намудед, ки ин маромномаи Шумо шоистаи ибрати занону бонувони кишвар аст.
       Мо, бонувони Тоҷикистон, имрӯз дар симои Шумо пеш аз ҳама роҳбари дурандешу нерӯманд, сиёсатмадори қавӣ, ҳомии ҳақиқатнигор, модари ғамхору мушфиқ, инсони дардошнову халқпарвар, ҳимоятгар ва ҳифозатгари ҳуқуқи кулли бонувони тоҷикро мебинем, ки бо эҳсоси баланди худшиносии миллӣ дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон, бахусус, бонувон нақши муассир гузоштаед.
       Ба Шумо, бонуи матинирода ва сиёсатмадори варзида муҳтарам Озода Эмомалӣ, аз даргоҳи Худованд умри сабзу бобаракат, зиндагии осуда, комгорӣ дар кору давлатдорӣ ва нусрату баракат дар рӯзгору зиндагиатон таманно менамоем.
     Ҳамеша сарбаланду саодатёр бошед!

Бо эҳтироми беандоза,
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться в