Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии бемориҳои ВНМО

19 сентябри 2019, панҷшанбе

Пешгирии бемориҳои ВНМО

Имрӯз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №425 оид ба “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,   “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба пешгирии паҳншавии  сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва Нақшаи чорабиниҳои дуҷонибаи иттилоотӣ, тарибиявию маърифатии “Тарзи ҳаёти солим” ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳои ифротӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Пешгирии бемории ВНМО” баргузор намуд.

Дар чорабинӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Муассисаи ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, сархатибон ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо ва муовини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизуло Файз  бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳои ВНМО ва ҳамкориҳои судманд суханронӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби иштироккунандагони чорабинӣ доир ба мавзӯҳои “Зан мазҳари покизагист”, “ВИЧ СПИД – Вабои аср”, “Бемориҳои ВНМО ва хатари он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “Роҳҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” ва “Маълумот дар бораи бемории ВНМО” баромадҳо намуда, иштироккунандагон ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ фикру мулоҳизаҳо пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур маводҳои иттилоотӣ вобаста ба мавзӯҳои зикргардида пешниҳод гардид.

        

Поделиться в