Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар истифодаи неруи барқ ҳамеша сарфаю сариштакор бошед!

07 январи 2021, панҷшанбе

         Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо  кормандони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, хизматрасонӣ дар хона, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кормандони МНДСЭ, омӯзгорони ФДТТ дар шаҳри Исфара, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, фаъолони маҳаллаи Сомониён бо мақсади  ба ҳар як сокини шаҳр расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК "Барқи тоҷик" оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ, пардохти саривақтии хизматрасониҳои соҳаи барқ ва обу коррези шаҳр ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тартиботи бехатарии ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар маҳаллаи  Сомониён бо зиёда аз 250 хоҷагӣ бо фарогирии 750 нафар аҳолӣ гардиши “хона ба хона”-ро роҳандозӣ намуд.

Поделиться в