Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Занон ва варзиш

12 январи 2021, сешанбе

       Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баҳри таъмини солимии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш миёни аҳолӣ, ба тамрини пагоҳирӯзӣ ва дигар машқҳои бадан машғул гардидани занону бонувон тадбирҳо андешида, корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар ин самт ба роҳ монд.
        Бо мақсади пешгирии бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд, фишорбаландӣ ва дарди буғуму устухон, обутоб бахшидани бадан аз санаи 4 то 11 январи соли 2021 байни бонувони идораву муассисаҳо мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол доир гардид. Дар мусобиқа 14 гурӯҳ байни ҳамдигар рақобат карда, ғолибони мусобиқа аз тарафи муовини Раиси вилоят бо мукофоти пулӣ, медалҳо ва Ҷоми Раиси ВМКБ кадрдонӣ карда шуданд.

Поделиться в