Ватанро чу Модар дӯст дорем...
Бо мақсади бурдани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баҳри баланд бардоштани рӯҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар – Ватан, гиромидошти арзишҳои олӣ, чун ваҳдату Истиқлолияти миллӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода З.Қ. дар ҳайати гурӯҳи таблиғотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии 01972 ДШБ, 051056 Гвардияи миллӣ ва госпитали ҳарбии 08030-и шаҳри Бӯстон суҳбату мулоқотҳо доир намуд.
Гурӯҳи корӣ зимни боздид аз қисмҳои низомӣ бо шароити маишии сарбозон шиносои пайдо намуда, зикр доштанд, ки бар замми ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва хосатан таваҷҷӯҳи бемайлони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзу буми Ватанро содиқона ҳифз намоянд.Ба як қатор бонувони фаъоле, ки дар қисмҳои низомӣ ба ҳайси ҳамшираҳои шафқат фаъолият дошта, баробари мардон хизмати Модар - Ватанро содиқона адо намуда истодаанд, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудаанд.