Гиромидошти арзишҳои олӣ
Гурӯҳи таблиғотӣ барои аёдати сарбозону афсарони қисмҳои низомии 0216 ва 14356"б" ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. 13 январи соли 2021 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Заррина дар ҳайати нависанда, шоир – Додохони Эгамзод, рӯзноманигори Гвардияи миллӣ–Неъматуллои Холиқ, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд –Расулова И ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баҳри баланд бардоштани рӯҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар - Ватан, гиромидошти арзишҳои олӣ, ба монанди ваҳдату Истиқлолияти миллӣ вохӯри бо аскарон дар қисмҳои ҳарбии 0216 ва 14356"б" доир гардид.