Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳидояти созанда ба хотири пешвар

14 январи 2021, панҷшанбе

      Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз санаи 6 то 12 январи соли 2021 дар маҳаллаи Навоӣ, ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо ҷалби раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, бибиотунҳо, фаъолзанон, ҷавонон, собиқадорони меҳнат бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила, бекоршавии ақди никоҳи давлатӣ, таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешбурди тарзи ҳаёти солим вохӯриву молоқотҳо доир намуд.
     Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб, яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, баланд бардоштани малакаи муошират байни волидону фарзандон, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносӣ, сулҳу оромӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои оилавӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти зӯроварӣ дошта, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани падару модарон ва шахсони мутасаддии тарбияи кӯдакони ноболиғ ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, қаллобӣ ва авбошӣ, ба роҳ мондани ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби ноболиғону духтарон ба таҳсил ва касбомӯзшӣ ибрози ақида гардид.
     Ҳамзамон, оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, гузаронидани тӯю маъракаҳо дар тӯйхонаҳо ва маъракаҳои оилавӣ, ки дар хонаҳои шахсӣ баргузор гардида, баъзан ба қонунвайронкуниҳо роҳ дода мешавад, сухан  ронда шуд.
     Ҳангоми мулоқот бо мардум оид ба ҳунармандию касбомӯзӣ ҷалб намудани занону ҷавондухтарон, огоҳмандии муҳоҷирон дар бораи ҳар гуна ҳизбҳои экстремистӣ-террористӣ ва пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар кишварҳои хориҷ истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба иди байналмилалии “Наврӯз” ва рӯзи Истиқлолият, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, захираи маводҳои озуқа, риояи ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, захираи молу маҳсулоти аввалиндараҷа фикру мулоҳизаҳои воқеъбинона баён гардиданд.

Поделиться в