Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият
Бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита ва зерсохторҳои он дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи якуми соли 2021 ҷаласаи ҷамъбастии Кумита бо иштироки муовини Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумита, сардорони Раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон бо ҳисоботи фишурда аз фаъолияти Кумита баромад намуд.
Сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар аз бурду бохти соҳа ҳисобот дода, мушкилоту пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Муовини Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Зафар саҳми занону бонувонро дар баргузории сатҳи баланди чорабиниҳои сиёсӣ, махсусан интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат қаноатбахш арзёбӣ намуд. Зикр намуд, ки маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди занону бонувон дар мансабҳои роҳбарикунанда зиёд гардид. Ҷиҳати тақвияти фаъолияти соҳа имрӯз зарур аст, ки роҳу усулҳои муосирро пайдо намуда, ҳар чи бештар занону бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гарданд. Бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла бекоршавиии ақди никоҳ, никоҳи хешутаборӣ, маҷбурӣ ба шавҳар додани духтарон, ҷинояткорӣ, худкушӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботию ташвиқотӣ боз ҳам ҷоннок карда шаванд.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон кори мушовараро ҷамъбаст намуда, таъкид доштанд, ки вазифаи мо хизмати содиқона ба халқу ватан аст. Ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар самти риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ гардида, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа ва оила, махсусан ба шавҳар додани духтарони синни то 18 сола, монеа гардидан ба таҳсили фарзандон, никоҳи хешутаборӣ, терроризму экстремизм ва ба монанди инҳо дар ҳамбастагӣ ҳаллу фасл карда шаванд.