Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Идомаи вохӯриҳо дар қисмҳои низомӣ

18 январи 2021, душанбе

          Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Заррина дар ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ зимни аёдати сарбозону афсарони қисмҳои низомии 3501-и қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар - Ватан, гиромидошти арзишҳои олӣ, ба монанди ваҳдату Истиқлолияти миллӣ бо аскарон вохӯрӣ доир намуд.

Поделиться в