Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии зӯроварӣ дар оила – натиҷаҳо ва дурнамо

23 сентябри 2019, душанбе

 

Имрӯз тибқи дастури  Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар дар мавзӯи  “Пешгирии зӯроварӣ дар оила – натиҷаҳо ва дурнамо” бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилаӣ Дафтари Швейсария дар Тоҷикистон ва Лоиҳаи Пешгирии зӯроврии хонаводагӣ (PDV) дар бинои меҳмонхонаи “Ҳайят” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси  Кумитаи кор бо занон ва оила Олимӣ М.Л., муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода С.,  муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Саидзода З.А., муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Д.Д., муовини раиси Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ., ходими пешбари илмии Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Б.П., муовини директори минтақавии Дафтари Швейсария дар Тоҷикистон Корин Д. ва директори Лоиҳаи Пешгирии зӯроварӣ хонаводагӣ (PDV) Елена М. сухани ифтитоҳӣ намуданд.

Иштироккунандагони чорабинӣ доир ба мавзӯҳои муаррифии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 (барои солҳои 2014-2019), мубодилаи таҷрибаи мусбии фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила дар татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 (барои давраи солҳои 2018-2019), ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” дар давраи 2017-2019 – саҳми лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) дар дастгирии мақомотҳои давлатӣ оид ба муқовимат ба зӯроварӣ дар оила, муҳокимаи дурнамои фаъолият ва тавсияҳои сохторҳои давлатӣ – субъектҳои оид ба татбиқи қонун дар бораи пешгирӣ зӯроварӣ дар оила ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 (барои солҳои оянда) баромадҳо намуданд.

Дар чорабинӣ, инчунин саволҳо ва пешниҳодҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани татбиқи Барномаи мазкур вобаста ба бозфиристии ҷабрдидагон ҳалли масъалаи маскун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки  фаъолияти Лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) бо дастгирии Дафтари Швейсария дар Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2020 дастгирӣ гардид.

 

Поделиться в